
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии «КАТС» бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир карданд.
Дар ҷамъомад масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз бандҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд, ки дар он Роҳбари давлат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор кард то фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.
Барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.