БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРУИ СОЗАНДА ВА ТАВОНО

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.       Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо мақсади фаҳмонидани моҳияти интихобот, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон ва дигар самтҳои азхудкунии илму дониш вохӯрӣ баргузор карда истодаанд.

Дар  Гимназияи давлатии ба номи Санг Одинаи ноњияи Балҷувон миёни   хонандагони синфҳои 11-и  муассисаи таълимї вохўрї  доир шуд.

Масъулин қайд карданд, ки илму маориф дар пешбурди ҷомеа нақши муҳиму созгор доранд ва ояндаи миллату давлат дар дасти ҷавонони ояндасоз аст.   

Таъкид шуд, ки вазифаи мо ҷавонони соҳибватану миллатдўст ва ояндасоз дар роҳи таҳкими дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ва рушду шукуфоии ватанамон ин пеш аз ҳама созандагист.

Дар охир ҷавонон барои иштироки фаъолона дар маъракаи муҳими сиёсӣ даъват шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg