БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҲКИМИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Анҷироб»-и  Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  вохӯрӣ анҷом дода шуд.

Вохӯрӣ дар доираи дуруст фаҳмонидани муҳтавои Паёми навбатӣ ба сокинон сурат гирифта, дар кори он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Сараввал масъулин  дар бораи  вазифаи ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геопалитикии сайёра ва минтақа, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм,муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа ва таъсири он ба Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози назар намуда, қайд карданд,ки дар ин росто вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як аъзои ҳизб ва шаҳрвандони ватандӯсти кишвар дар он аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро болотар аз ҳама арзишҳо гузоранд.

Кисмати интиҳоии вохӯрӣ бо пурсишу посухҳои иштирокдоштагон доир ба ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg