БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ: БАРҚАРОРСОЗИИ ЗАМИНҲО ВА САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҲАР ЯК ҚИТАЪИ ЗАМИН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таблиғу ташвиқи  Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  муҳтавои Паёми навбатӣ дар ташкилотҳои ибтидоии «Ориён» вохӯрии навбатӣ баргузор карда шуд.

Дар ҷамъомад масъулин ҷиҳати расонидани  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, пешгирӣ аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо ибрози андеша  намуда, барои ҳарчи бештар ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои заминҳои наздиҳавлигии оилаҳои навбунёд, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии навташкилшуда ва сертификаткунонии  заминҳо андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки сол ба сол афзоиш ёфтани масоҳати заминҳои бекор, биёбоншавӣ ва камобиву хушксолӣ боиси торафт паст шудани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мегардад. Чуноне Сарвари давлат иброз доштанд, «Дар кишвари мо ҷиҳати пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои дахлдорӣ ҳуқуқиву сохторӣ фароҳам оварда шудаанд».  Дар охири вохӯрӣ масъулин атрофи ба амалҳои коррупсионӣ даст назадан ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди он аз иштирокдорон даъват ба амал оварданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg