БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР НАҚШИ БУЗУРГ ДОРАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар участкаи   интихоботии  №  28 оид  ба интихоботи  Маҷлиси  вакилони халқи  ноҳияи  Носири  Хусрав дар  ростои  «Соли шинохти  бештари  манфиатҳои  миллӣ»  бо вакили  пешбаришуда аз  ҲХДТ   вохӯри  баргузор  гардид. 

Дар  чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок  намуда, доир  ба  нуктаҳои  асосии  Паёми Президети  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  Маҷлиси  Олӣ андешаронӣ карданд.  Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин оид ба  масъалаи  маъракаи  муҳими  сиёсӣ- интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Маҷлисҳои  маҳаллии  вакилони  халқ,  ки  имрӯзҳо  омодагӣ  ба  баргузории  он  рафта  истодааст, сухан карда, қайд  намуданд, ки  ҳар  як  аъзои  ҳизб дар  татбиқи “Соли  шинохти бештари манфиатҳои миллӣ”  саҳми  босазои  худро  гузошта,  татбиқи  Аксияҳои  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!” ва “ҲХДТ муттаҳид месозад”-ро ба  роҳ  монда,  барои   сафарбар  намудани  сокинон  ба  корҳои  созандагӣ чораҳои  амалӣ   андешанд,   шаффофу озод  ва дар  доираи  қонун баргузор  шудани  интихобот  ҳиссаи  худро  гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg