БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТИ ОЗОДУ ДЕМОКРАТӢ ВА ШАФФОФ БА ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУСОИДАТ ХОҲАД КАРД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сафар Гадоӣ” вохӯрии кормандони масъули ҳизбӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади он ба вакилии Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 Зимни баромад роҳбарияти Кумитаи  иҷроия  қайд кард, ки дар Паёми имсолаашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба забони модарӣ чунин гуфтаанд:    Забон ойинаест, ки дар он симои  пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд  ба қадри ин нишонаи  ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин,  ба омӯзиши забонҳои  русиву англисӣ  ҳамчун  забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Мо омӯзиш ва аз худ  кардани  забонҳоро  на барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани  ҷомеа  густариш медиҳем.

ҲХДТ  барои истифод аз  арзишҳои маънавии миллат  дар шароити ҷаҳонишавӣ кӯшиш карда,  арҷгузорӣ ва эҳтироми  забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллиро зарур мешуморад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg