БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АСОСИИ ҲХДТ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020 -2025 ва шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Лангарӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Фархор баргузор гардид.

Масъулин зимни сухаронӣ қайд карданд, ки мақсади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои такмили нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Ҳизб минбаъд низ ба масъалаҳои нигоҳ доштани суботи макроиқтисодӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди афзалиятноки соҳаҳои истеҳсолӣ, рушди инфрасохтори мамлакат ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ, таъмини шуғли пурмаҳсул ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин идомаи ислоҳоти сохторӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт афзалият медиҳад. Ҳамчунин, намояндагони ҳизбӣ ёдовар шуданд, ки Паёми имсола нисбати солҳои гузашта ба он фарқ мекард, ки дар ин Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои фаъолияти ҳафт соли гузаштаро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.  Аз ҷумла, Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Ҳамчунин, таъкид доштанд, ки тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Сатҳи камбизоатӣ бошад ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg