БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ РОҲСОЗ ТАТБИҚИ СОЛИ ШИНОХТИ БЕШТАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛИРО БО ҚАНОАТМАНДӢ ҚАБУЛ НАМУД

ПАНҶ.  Дар доираи Соли бештари манфиатҳои миллӣ. Бо назардошти  баррасӣ намудани самтҳои асосии афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва фаҳмонда додани эълон шудани соли 2020  «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» дар ташкилоти ибтидоии «Пашор» хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид. 

Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ бо тариқи суҳбат сурат гирифта, дар он масъалаҳои мубрами рӯз, сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд,  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум дар амалӣ шудани ҳадафу мақсадҳо ва кору пайкори созандаи ҲХДТ ва дар ҳамин васила  саҳм гузоштан дар таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2019 бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ташкилотҳои ҳизбӣ соли 2019 «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» эълон карда шуд. Дар ин замина  барои иҷрои ин мақсадҳо аз ҳизбиёни ташкилоти ибтидоӣ масъулияти баланди шаҳрвандиро  тақозо менамояд. Ҳамчунин, дар рафти мулоқот оид  ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии  ҷавонон, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз бегонапарастӣ миёни ҷавонон фикру андешаҳо шунида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg