БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР МАКТАБИ СУЛҲИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КУШОНИЁН. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Кӯшониён тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқ гардида, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 – ноҳия бо хонандагон синфҳои 11 ҳамчун интихобкунандагони ҷавон вохӯрӣ доир намуданд. Мақсад аз баргузории вохӯрӣ пеш аз ҳама ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон ва муарифии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 буд.

Дар вохӯрӣ оиди мавзуҳои омухтани таърихи миллату давлати тоҷик ба хотири хифзи манфиятҳои миллӣ ва боло бурдани сатҳи худшиносии миллии ҷавонон, огоҳонидани ҷавонон аз хатари гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ, ки ақидаҳои нопоку хоинонаи ин гуруҳҳо барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ равона гардидааст, сӯҳбат карда шуд. Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ масъулин Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025-ро, ки ин ҷавонон дар интихоботи дарпешистода иштирок мекунанд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg