
ЁВОН. Дар доираи Аксияи ҳизбии “ҲХДТ мутаҳид мегардонад!”. Тибқи нақшаи кории Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон санаи 24-уми январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҷаласаи сеюми Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар ноҳия баргузор гардид. Дар кори он аъзоёни Ситод ва номзадҳои ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон иштирок доштанд.
Дар ҷаласа оиди пешниҳоди андешаву мақолаҳои номзадҳо бо мазмуни “Барои чӣ ман ба ҲХДТ овоз медиҳам!” таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, омода намудани барномаҳои номзадҳои ҲХДТ, шуруъ намудани муаррифии барномаҳои номзадҳо, дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар охири ҷаласа ҳозиринро барои интихоби ояндаи босаодат ҳидоят намуданд.