БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ВОХӮРӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади  таблиғу ташвиқи Паём, Барномаи ҲХДТ ва номзадҳояш Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Данғара аз ҷумла дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “деҳаи Каромат” бо иштироки Каримзода Пирмуҳаммад - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва Мизробова Шаҳло мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷараёни   вохӯрӣ оид ба нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  барномаҳои пешазинтихоботии ҲХДТ, ва барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳои ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ андешаронӣ сурат гирифт. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg