
БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Чорбоғ» оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯрии судманд баргузор карда шуд.
Бояд зикр намуд, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи ҲХДТ-рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад. Барномаи пешазинтихоботи ҲХДТ аз ҳадафҳои асосии барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз барои мо ҳизбиён муқаррар гардидааст, ки баҳри рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоии сокинони мамлакат мусоидат менамояд.