
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзои ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои “Дӯстӣ”, “Яккатол” ва “Сомонӣ” вохӯрӣ доир намуданд. Масъулон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ бо назардошти имтиёзҳои давлатӣ ва дар ин самт миёни мардум бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он Пешвои миллат рушди соҳаи кишоварзиро масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуданд, суханронӣ карда, сокинонро барои дӯст доштани Ватан, бештар ба роҳ мондани корҳои хайру сахо ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ, корҳои созандагиву ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва “ҲХДТ муттаҳид месозад!” ҳидоят намуданд.