ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурӯҳи корӣ аз ҳисоби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ миёни мардум суҳбату вохӯриҳоро баргузор намуда истодааст.
Ин навбат дар маҳаллаи Наврӯзи ҷамоати шаҳраки Панҷ ҷиҳати ба мардум расонидани муҳтавои Паёми раҳнамо суҳбат доир гардид.
Дар баромадҳо дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ башорат дода, ҳамзамон зимни баррасии масоили сиёсати хориҷии мамлакат, вазъи иқтисодӣ -иҷтимоии ҷумҳурӣ дар солҳои охир ва оянда, ба низом даровардани фаъолияти бонкҳо, рушди соҳаи соҳибкорӣ, тараққӣ додани соҳаҳои гуногуни саноат, ҳамчунин ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, оид ба хизмати тиббӣ ва маориф таъкидҳои судманд баён карда шуд.