БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ 21-УМИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 баъди ба охир расидани Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ идомаи Конференсияи 21- уми ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба кори худ оғоз кард.

Дар кори Конференсия узви КИМ ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат, раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳусайнов Аслам ва раисони комиссияҳои  ҳавзавии интихоботии №48,50,51 оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода ва вакилони Конференсия, инчунин фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, меҳмонон аз сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма  иштирок доштанд.

Ба рӯзномаи Конференсия масъалаҳои пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, дар ҳавзаҳои интихоботии №48,50,51-и қаламрави ноҳия,  пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳамадонӣ пешниҳод карда шуданд.

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 4- уми декабри соли 2019, таҳти №1380 интихоботи нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ рӯзи 1-уми марти соли 2020 таъин гардидааст.

Мутобиқи моддаҳои 24 ва 25-и Конуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ”, ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд, номзадҳои худро ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳавзаҳои интихоботӣ низ пешбарӣ намояд, иброз дошт зимни суханронӣ Давлатҷон Ғаффорзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ.  

Вакилони конференсия якдилона раиси ноҳия Одиназода Бозоралӣ Неъмат, муовини раиси ноҳия Санифа Тағоймуродзода ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Баёнзода Нигинаморо номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ намуданд.

Вакилони Конференсия номзадии 40 нафарро  ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳамадонӣ пешбарӣ намуданд.

Давлатҷон  Ғаффорзода номзадҳое, ки ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҲХДТ пешбарӣ гардиданд, табрику муборакбод намуда, дар фаъолияташон бурдбориҳо орзу намуда, таъкид кард, ки дар мустаҳкам намудани мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа онҳо саҳми босазо хоҳанд гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg