
НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Донишомӯзон”-и шаҳри Норак вохӯрии аъзои гурӯҳи таблиғотии ҲХДТ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ доир карда шуд.
Аъзои гурӯҳи таблиғотӣ иброз доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила, рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст. Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандон барои солҳои 2020-2025 таҳия шуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.