ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ”-и ноҳияи Қубодиён оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва баромад карданд.
Қайд гардид, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, ваҳдату ягонагии халқи он мусоидат намояд.
Масъулон таъкид доштанд, ки татбиқи дастуру супоришҳои дар Паём омада вазифаи ҳар аъзои ҳизб мебошад ва моро зарур аст баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.