БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ ҲИЗБИЁНИ ВАХШ БОИСИ ТАҲСИН АСТ

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Дар доираи Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!” Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ноҳияи Вахш ба 100 нафар бошандагони хонаи пиронсолон ва оилаҳои камбизоат  кумаки моддӣ расонида, туҳфаҳо  тақдим намуд.

Дар ин баробар ба 282 нафар  тарбиятгирандагони муассиса-интернати ятиму бепарасторони   ноҳия либоси зимистона ва кумакҳои моддӣ расонида шуд. Ин  кори хайр аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ, соҳибкорони муваффақ  Нуралӣ Ризоев, Муҳибулло Ҳабибов, Абдухолиқ Саидов   амалӣ гардид.  Аз иқдоми неки ҳизбиён шахсони эҳтиҷманд рӯҳбаланд гардида, миннатдории хешро аз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg