
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар вохӯрие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”-и ноҳияи Ховалинг гузаронида шуд, аъзои гурӯҳи таблиғотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он шинос намуданд.
Ҳар як интихобкунанда барои дар арсаи байналмилалӣ афзудани обрӯ ва нуфузи давлат ва миллати тоҷик вазифадор аст дар интихобот фаъолона иштирок карда, бо муайян намудани мавқеи худ дар шафоф, озод ва демократӣ гузаштани интихобот ҳиссаи худро гузорад - таъкид доштанд баромадкунандагон.
Сипас, нуктаҳои Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз иштирокдорон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паём омада даъват ба амал оварда шуд.