БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ - ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шабакаҳои барқ”-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ бо роҳбарии раиси Кумитаи иҷроия оид  ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ,  “Самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат барои солҳои 2020-2025”  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баромад раиси Кумитаи иҷроия қайд кард, ки ҲХДТ барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, ки бо мақсади муҳайё кардани сатҳу сифати арзандаи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарии адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.  

Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ аз ҳадафои асосии Барномавии ҳизб сарчашма гирифта, ҳамчун ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба онҳо вазифаи ҳар як узви ҳизбро ҷиҳати рушди иқтисодиёт ва беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Дар ин давра пешбинӣ мегардад, ки аз ҳисоби таҷдид ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав истеҳсоли нерӯи барқ дар мамлакат беш аз 10 миллиард квт соат афзоиш дода шавад.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg