БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ ИНТИХОБКАРДА БОВАРӢ ДОРЕМ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.   Конференсияи муштараки Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ оид ба пешбарии номзадҳо ба вакилии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.

Дар кори Конференсия  Азизӣ Абдуҷаббор-муовини якуми Раиси ҲХДТ, Сафарзода Бахтовар-раиси Фраксияи  ҲХДТ дар  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода Абдулло-раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ  иштирок намуданд.

Конференсияро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод кушода, масъалаҳои рӯзномабаррасӣ гардида, номзадии Шарофзода Гавҳар  раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ гардид. Баъд аз натиҷагирии бюллетенҳо номзадии Шарофзода Гавҳар дар ин ҳавза бо 97,5% монда шуд.

Дар ҷараёни Конференсия  Раҳмонзода Абдулло ба иштирокдорон ҷиҳати тарғиби Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ-ҳамчун барномаи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg