БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАТЛИ ҶОНСӮЗИ РӮЗНОМАНИГОРИ «ҲАҚСӮЗ»

ВОКУНИШ. Ман сиёсатмадор нестам. Як шаҳрванди одии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошам, ки зиндагии хоксоронаамро бо меҳнати ҳалоли хуб пеш бурда истодаам. Вале,  дар ин умри кӯтоҳам шоҳиди баъзе аз бедодгариҳои собиқ Ҳизби наҳзати ислом гаштаам. Гарчанде аз ҳодисаҳои мудҳиши солҳои 1992-1993 зиёда аз 27 сол гузашта бошад ҳам, аммо онҳоро фаромӯш карда наметавонам.

Оид ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва террористии собиқ Ҳизби наҳзати ислом борҳо аз оинаи нилгун дидаам ва дар рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо хондаам.

Ростӣ, намехостам доир ба ин мавзӯъ чизе нависам. Зеро коҳи куҳнаро бод кардан онқадар хуб нест. Ва аз он метарсам, ки шояд бо ин корам ҷароҳатҳои шахшудаи дили модари тоҷикро бедор намояму боз ғаму андӯҳашро зиёд кунам. Вале, дигар тоқат карда наметавонам. Бигзор аз бедодгариҳои собиқ Ҳизби наҳзати  ислом ҳама бохабар бошанду минбаъд, ба доми фиреби ин гуна маҳалгароёну мансабпарастон наафтанд. Аз ин рӯ, мехоҳам баъзе аз қатлу бедодгариҳои наҳзатиёнро рӯи коғаз орам. Ҳомидҷон Ҳакимовро хуб дар хотир дорам. Он айём мисли дигар рӯзноманигорони вилоятӣ амсоли мӯй дар оташ ба худ мепечиду мегуфт: «Ин ҳама кирдорҳои роҳбарони майдони Шаҳидон нобахшиданист». Аз касе ҳаррос надошт Ҳомидҷон, рӯйирост сухан мегуфт. Таъкид мекард, ки роҳбарони қаблии ташкилоти террористии наҳзати исломӣ ва дигар ҳаммаслаконашон барои беҳбудии мардум талош надоранд. Онҳоро ҳарисии сарват ва мансабталошӣ ба ин ҷода равон намудааст. Тавре, ки худи Қиёмиддини Ғозӣ дар суҳбати телевизионӣ иқрор гашт. Ҳомидҷон, ки инсони воқеъбин буд, хурофоту ҷаҳолатпарастии ин гуна ашхосро чашми дидан надошт. Ӯ инсони асил буду ҳушманд ва қаламаш пайваста созанда буд, на сӯзанда. Дар яке аз сомонаҳо доир ба рӯзноманигорони шаҳид, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба шаҳодат расидаанд, хабареро нисбати Ҳомидҷон Ҳакимов хондам, ки гӯё Ҳомидҷонро шахсони номаълум ба шаҳодат расонида бошанд. Гумон ғолиб аст, ки сарчашмаи ин хабари бардурӯғ низ ҳамон қотилони наҳзатӣ ҳастанд, ки амалҳои нопоку зишти ғайриинсонии худро рӯпӯш карданӣ мешаванд.

Ҳомидҷон Ҳакимов 6 ноябри соли 1954, дар собиқ колхози ба номи Ленини ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кӯшониёни вилояти Хатлон), дар деҳаи Тоҷикбаталён, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1971 ӯ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинобод (ҳозира Хуҷанд), факултаи таърих ва филология дохил шуда, онро бомуваффақият хатм менамояд. Фаъолияти меҳнатиаш ба ҳайси омӯзгори фанни забону адабиёт дар зодгоҳаш оғоз шудааст. Аз соли 1984 то соли 1988 дар рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» солҳои 1988-1991 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор карда, соли 1991 сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақсӯз» таъин мегардад. 18 ноябри соли 1992, баъд аз кор баргаштан, дар хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Душанбе аз дасти силоҳбадастон, тарафдорон ва аъзои ТЭТ ҲНИ ба қатл расонида мешавад. Бо ин амали ваҳшиёнаашон бори дигар хоинони миллат исбот намуданд, ки онҳо бо мардуми осоиштаву зиёӣ меҷанганд ва хуни ноҳақ мерезанд.

  Имрӯзҳо, мардуми фарҳангсолори Тоҷикистон, саодатманду сарбаландона зери  сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору фаъолият намуда, барои расидан ба ҳадафҳои роҳбарияти давлат, аҳлона меҳнат намуда истодаанд. Мо дар даврае қарор дорем, ки ҷаҳони муосирро муноқишаҳои гуногуни миллию қавмӣ, ҷангҳои гурӯҳу қувваҳо ва ҳизбу ҳаракатҳо фаро гирифта, ҷони инсонҳо, арзишҳои инсондӯстӣ, меҳру муҳаббат ва дигар арзишҳои рабтдошта ба инсоният дар назди ин гурӯҳу қувваҳо қимате надоранд. Куштори кӯдакон, қатли мардумони бегуноҳ аз тарафи ба ном ҳомиён ва пуштибони дини мубини ислом, ки ҳамарӯза аз расонаҳои хабарӣ дидаю мехонем, моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои миллатро сармашқи кори ҳамарӯзаи худ қарор диҳем. Танинандоз будани Ваҳдату ягонагӣ, осоишу амният ва фатҳи қуллаҳои рушд, ки пайиҳам насибамон гардида истодааст, баъзе аз душманони миллатро хуш намеояд. Таърих гувоҳ аст, ки маҳз бо талошу заҳматҳои беандозаи Пешвои хирадманди миллат, Тоҷикистон дар асоси андешаи созандаи миллӣ арзи ҳастӣ намуда, Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои он, пурра ҳифз гардида, Тоҷикистон аз як давлати ҷангзада ба сулҳу суботи комил расид. Хирадмандии Президенти кишвар буд, ки дар давраи вазнини давлатдорӣ барои фаъолияти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон заминаи воқеии ҳуқуқӣ гузошта шуда, дар қатори дигар ҳизбҳои сиёсӣ вориди давлатсозӣ гардид.

Вале, хонандаи азиз, худ қазоват намо, ки  ташкилоти террористии наҳзати исломӣ дар давраи фаъолият чи кореро барои миллату давлат ба анҷом расонид? Имрӯзҳо терроризму экстремизм бо хавфу хатарҳои худ тамоми қишри ҷомеи ҷаҳонро ба таҳлука андохта, рӯзе ё моҳе нест, ки аз дасти онҳо мардуми осоиштаи дунё зарари ҷонию молӣ набинанд. Чунин афроди авомфиреб солҳои 1992-1993 барои несту нобуд сохтани миллати тоҷик, байни мардуми осоишта фитна андохта, миллате, ки чандин асрҳо ҷангро надида буд, низоъ бардошта, бародар бародари худро мекушт. Дар он солҳои вазнин мардуми осоишта роҳу калобаашро гум карда буданд, ки аз дасти онҳо ба куҷо гурезанду ҷони худ ва наздиконашонро паноҳ доранд.

Фарҳод  Маҳмудов,сармуҳаррири  рӯзномаи ноҳиявии «Кӯшониён»

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg