Санаи 6 январи соли 2020 тибқи ҷадвали баргузории конференсияҳои кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандата Конференсияи муштараки ҲХДТ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун баргузор гардид.
Дар Конференсияи мазкур муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун №33 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳамидзода Ҳомидҷон ва вакилон аз ноҳияҳои Панҷ бо роҳбарии раиси Кумитаи иљроияи ҳизби Халқии Демократии Тоҳикистон дар ноҳия Файзизода Каримҷон, Дӯстӣ Одиназода Ҳуснигул ва Ҷалолиддини Балхӣ иштирок доштанд. Ҳамчунин, дар Конференсия фаъолон, собиқадорони ҳизбу меҳнат ва меҳмонон аз сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ бо даъват иштирок доштанд.
Бо маслиҳат ва розигии Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои интихоб ва пешбарӣ шудан дар Конференсия номзадии Шарофзода Гавҳар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҳумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Ҷайҳун №33 пешбарӣ карда шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун