БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪУЛИЯТШИНОСӢ МОРО БА ҲАДАФ МЕРАСОНАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти  ибтидоии   “Раёсати  молия”-и  ноҳияи  Носири  Хусрав бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ҷиҳати  фаҳмонидани  моҳияти дастуру  супоршҳои Паёми  Президенти  кишвар  ба  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тарғӣби Барномаи  пешазинтихоботии  ҲХДТ  ва  номзадҳои  он дар  марҳаллаи  интихобот  ва баланд  бардоштани  маърифати  шаҳрвандон  дар  ростои “Соли шинохти бештари  манфиатҳои  миллӣ”  вохӯрӣ  баргузор гардид.

Дар  чорабинӣ  оид  ба  раванди  рушд  ва  роҳҳои  ташаккули  иқтисоди миллӣ, зиёд  кардани  содирот ва кам  кардани  воридот дар  пешрафти  иқтисод ва  баланд  бардоштани  сатҳи  некӯаҳволии  мардум андешаронӣ карда шуд.

Дар идомаи суҳбат таъкид  гардид, ки ба тақвият  бахшидани  корҳои  ташвиқотӣ  дар  миёни  аҳолии ҷомеа, оид ба  дарки  дуруст ва  шинохти  масъулияти  ҳар  як сокини  Ватан,  амиқ  сарфаҳм рафтан дар  таъмини  пояҳои  мавҷудияту  ҳифзи  муқаддасоти  он  дар  ростои “Соли  шинохти  манфиати  миллӣ” ҳамагон бояд кӯшиш намоем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg