БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМО ДАР ЗИНДАГИИ МОСТ!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бешатри манфиатҳои миллӣ.  Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Шабакаҳои барқ” ва «ХМК»-и ноҳияи Балҷувон мулоқот баргузор гардид.

Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, огоҳонидани сокинон аз хатарҳои муосир ва таъсири манфии онҳо дар баргузории интихобот, ки аз барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 бармеоянд, сухан гуфта, ҳамагонро ба ҳамраъйӣ ва муттаҳидӣ даъват намуданд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки мо бояд барои иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда ҳамаҷониба кӯшиш кунем ва Паём роҳнамое дар зиндагии мо бошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg