ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарҳу тавзеҳи Паёми навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Барқчиён” мулоқот роҳандозӣ гардид.
Намояндагони ҳизбӣ дар баробари дигар масъалаҳои рӯзмарра оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромадҳо намуданд.
Аз ҷумла қайд шуд, ки амалӣ гардидани дастуру супоришҳои дар соли ҷорӣ банақша гирифташуда идомаи мантиқии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” буда, бемайлон ба таъмини зиндагии шоиста, алалхусус мардуми деҳот нигаронида шудааст.
Дар охир раиси ташкилоти ибтидоии мазкур ҷихати амалӣ намудани Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба як оилаи ниёзманди шаҳраки Панҷ кӯмаки моддӣ расонид.