БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ – РОҲНАМО БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсола ба аҳли ҷомеаи кишвар дода буданд, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Қубодиён суҳбату вохӯриҳои судманд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида истодаанд.

Вобаста ба ин масъалаи зикргардида дар ташкилоти ибтидоии “Молиячиён” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Паёми Пешвои миллат-ин зиндагии шоистаи мардум аст!”  маҷлис баргузор гардида, дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроия иштирок ва суханронӣ намуд.

Мавсуф дар баромади хеш  доир ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2020-2025-ро дар бар гирифтааст, сухан гуфта, қайд намуд, ки ҲХДТ худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба сулҳу субот оварда, барои оромӣ, ҳифзи марзу бум ва ваҳдату ягонагии халқи он мусоидат намояд. ИнчунинЁдар идомаи суҳбат оид ба татбиқи вазифаҳое, ки дар Паёми навбатӣ муайян шудаанд, ёдовар шуда иброз дошт, ки амалӣ намудани мақсаду маром ва  ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳизб аст ва баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кумаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботӣ комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg