ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «МНДСЭ» дар ноҳияи Шаҳритуз баҳри баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Аксияи ҳизбиро ташкилоти ибтидоии мазкур дастгирӣ карда, бахшида ба Соли нави мелодӣ ба 1 оилаи ниёзманди ҷомеа кумаки молиявӣ расонида шуд.
Чунин иқдомҳои неку инсондӯстона дар ноҳияи Шаҳритуз бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, шахсони хайрхоҳу саховатманд роҳандозӣ гардида, шахсони эҳтиёҷманд аз кумаку ғамхориҳо бархӯрдор мегарданд.