БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ МУБОРИЗАИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕКУНАД

АНДЕША. Дар роҳ мегузаштам. Шоҳиди гуфтугӯи чандин касон гардидам. Яке ба дигаре мегуфт: Куҷое наравӣ, бе пул корат буд намешавад.

Баъди борҳо шунидани чунин гуфтугузор аз як ҳамсуҳбатам, ки дар ин бобат шикоят намуд,  пурсидам:

-Барои иҷрои кор аз шумо пул талаб намуданд?

Не гуфт ӯ. Рӯирост пул талаб намекунанд, вале коратро ба зудӣ буд намекунанд. Коратро кашол медиҳанд. Имрӯз биё, пагоҳ биё. Аз рафтану омадан безор мешавӣ.

-Баъд шумо маблағ пешниҳод менамоед?

-Дигар чӣ кор ҳам мекардем?

Бародари азиз, пас шикоят накун, зеро ба коррупсия худат роҳ мекушоӣ.

Дар ҳақиқат чунин ҳам ҳаст. Дар бисёр ҳолатҳо мо худ ба коррупсия роҳ мекушоему боз гиллаю ҷингила мекунем, ки ягон корро бе рӯёнидани маблағ буд намекунанд.

Барои тасдиқи фикр  чанд  лаҳзаеро, ки барои коррупсия роҳи васеъ мекушояд,  мисол меорам:

Барои иҷрои кор ба назди ин ё он роҳбари ташкилоту муассиса ва хоҷагӣ   меравем. Баъди салому ҳолпурсӣ ба ӯ чунин муроҷиат менамоем:

 Ака, ҳамин кори манро буд кунед, албатта хизмататро мекунам. Он роҳбар барои он ба ин вазифа таъин гардидааст, ки  кори корафтодагонро буд кунад. Барои ин   ӯ  аз давлат маош мегирад ва шарт нест, ки ба болои ин мо боз  “хизмат” кардани худ, яъне додани маблағро пешниҳод намоем. Мо ба ин амали худ ба коррупсия роҳ мекушоем ва он роҳбарро порахӯр мекунем.  Вақте ӯ аз ду – се нафар барои иҷрои кори вазифавиаш маблағи муфт ба даст овард, дигар кори одамонро бе пул буд намекунад. Касоне, ки гарданшахӣ карда пул намедиҳанд, корашонро кашол медиҳанд.

Дар ёд дорам, ки баъди хатми мактаби миёна дар сохтмони купрӯк кор мекардам. Ҳар гоҳе, ки хазинадор - зани рус  маоши коргаронро меовард, ба ӯ бе он ки талаб намояд аз панҷ то даҳ сӯм медоданд.  Аввал намегирифт. Намедонист, ки барои чӣ ба ӯ пул медиҳанд.   Барои ҳамин “зачем” “нинада” мегуфт. Вақте дид, ки барои гирифтани пул ҳатто ӯро маҷбур ҳам мекунанд, “зачем” “нинада” – ро фаромӯш кард ва маблағи бедарди миёнро бе раҳматгӯӣ қабул мекард.

Пулро ихтиёран бароварда медиҳем, вале як бор фикр намекунем, ки барои ин маблағ мо меҳнат сарф мекунем ва дар хона зану фарзанди мо ба панҷу даҳ не, ба як сомонӣ эҳтиёҷ доранд. Агар ҳамин маблағро зану кӯдаконамон талаб намоянд, барои пул надоштан чандин баҳона пеш меорем.

 Бояд дар хотир дошт, ки коррупсия асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин гуфтаҳо чунин бармеояд, ки мубориза бо коррупсия фаъолияти дастаҷамъона ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва  дар маҷмӯъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, агар мо рушди давлат, саодати мардуми он ва таъмини зиндагии пуршарафи ҳар фарди кишварро хоҳем, мебояд, ки пеш аз ҳама мафкураи худро тағйир диҳем ва чун инсони боирода, соҳибмаърифат ва адолатпарвар бо коррупсия дар ҳамоҳангӣ, якҷоя бо ҳамаи мақомотҳои масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем.

 

Саидҷалол Сатторов,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg