БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАХСОНИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА ПАЙВАСТА АЗ ҒАМХОРИҲОИ ҲИЗБИЁН БАРХӮРДОРАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи ҷашнҳои муборак, санаҳои фархунда дар асоси сиёсати инсондӯстона ва ятимпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ ва дигар шахсони саховатпеша ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо  дасти кӯмак дароз карда мешавад.

Дар арафаи таҷлили Соли нави милодӣ ба 10 нафар аз оилаҳои ниёзманди  ҷомеа  кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.

Шахсони эҳтиёҷманд аз иқдоми ҳизбиёни ноҳияи Ховалинг изҳори миннатдорӣ намуда, ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат баён доштанд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg