БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон, рӯзи 26 – декабри соли 2019 ироа гардид. Бо мақсади дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд, ташкилоти ибтидоии “Навбаҳор” – и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар арафаи Соли нави мелодӣ ба 13 – нафар оилаҳои ниёзмандони миқёси ҷамоат маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, шакар ва бринҷ кумак расониданд.

Боиси хурсандист, ки имрӯз сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб бо хушнудӣ пазируфта, пайваста дар доираи Аксияи ҳизбӣ иқдомҳои неку ватандӯстона амалӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg