БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ: КУШОДАШАВИИ КИТОБХОНА ДАР НАЗДИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2019 ироа гардид, тамоми мавзӯҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.

Зимни ироаи Паёми имсола Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, дастур доданд, ки дар назди ҳар як ташкилот ва корхонаву муассисаҳо китобхонаҳо таъсис дода шавад.

Бо мақсади иҷрои ин дастуру супоришҳо дар назди Кумитаи иҷроия шаҳрӣ китобхонаи оммавӣ-сисёсӣ таъсис дода шуд.

Дар кушодашавии китобхона узви КИМ ҲХДТ, роҳбарияти Кумитаи иҷроия ва дигар шахсони даъватӣ  иштирок намуданд.

Сипас, иштирокдорон аз рафти намоиши китобҳо ва китобхонаи навтаъсис, ки беш аз ду ҳазор адад китобро дар бар мегирад, дидан намуда, аз ташаббускории ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб, ки аз Паёми Пешвои миллат сарчашма мегирад, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бояд қайд намоем, ки ин аввалин ташаббус ҷиҳати таъсис додани китобхона дар назди сохтор ва ташкилоту муассисаҳои кишвар баъд аз ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри тақвият бахшидани захираи китобҳо ҳамарӯза аз ҷониби фаъолони ҳизб ба китобхона даҳо китобҳои бадеиву сиёсӣ тақдим гардида истодаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg