БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ ЯКЕ АЗ МОНЕАҲОИ ҶИДДИИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР МЕБОШАД!

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дирӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ баҳри иҷрои як қатор дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, аз ҷумла ба дарки ҳамагон расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо кормандони ташкилоти ибтидоии “Нозироти андоз” суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

Дар рафти суҳбат  масъулин оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  коррупсия ҳамчун омили хатарнок, зуҳуроти номатбул дар ҷомеаи имрӯза шинохта шудааст, андешаронӣ карда, афзуданд, ки  коррупсия яке аз  монеаҳои  ҷиддии рушди  босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани  эътибору обрӯи  давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозии шаҳрвандон  аз фаъолияти  сохтору мақомоти  давлатӣ гардад.

Инчунин, дар идома  чанде аз иштирокдорон фикру мулоҳизаҳои хешро роҷеъ ва масъалаҳои муҳими рӯз  баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg