БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТАИ ФУДБОЛБОЗОНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН”-И НОҲИЯИ ФАРХОР СОҲИБИ ҶОМИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГАРДИД!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Федератсияи Футболи вилояти Хатлон ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади ҳавасманд гардонидани ҷавонони вилояти Хатлон ба фудбол ва оммавигардонии варзиш байни ҷавонони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон ”Созандагони Ватан”- шаҳру навоҳии вилоят мусобиқаи «Футбол»-ро барои дарёфти Ҷоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир намуданд.

Мусобиқа дар 3 давр: даври маҳаллӣ – байни ҷавонони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  муассисаву корхонаҳои ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо, даври ноҳиявӣ – байни дастаҳои ғолиби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва даври вилоятӣ – байни дастаҳои яккачини аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар маҷмуъ дар шаҳру навоҳии вилоят 1861 бозии футбол баргузор карда шуд.

Дар бозии финалӣ дастаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Фархор бо дастаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Шаҳритуз дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар бо ҳам бозӣ намуда, дастаи “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Фархор бо ҳисоби 1-0 ғолиби мусобиқа фудбол гардид ва Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро ба даст овард . Ҷои 2-юмро дастаи  ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Шаҳритуз ва ҷои 3-юмро дастаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳияи Кушониён соҳиб гардиданд.

Ғолибон бо диплом, медал ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳадаф аз баргузории чунин чорабинии варзишӣ пеш аз ҳама, ҳавасманд ва ҷалб намудани ҷавонони вилояти Хатлон ба варзиш, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри инкишофу рағбати онҳо, таъмини рушди оммавияти тарбияи ҷисмонию варзиш дар байни ҷавонон, таъмини дӯстии ҷавонони минтақаҳо, рушди футбол дар деҳот, инчунин бо мақсади мусоидат намудан ба иҷроиши бевоситаи «Барномаи рушди футбол, барои солҳои 2017-2020» ташкил ва баргузор карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg