ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази тропикӣ»-и ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани масъулияти шаҳвандӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Дар доираи ин аксия ба оилаи ниёзманд аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Нуриддинзода Камолиддин кумаки молиявӣ расонида шуд.