БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМҲОИ НЕКИ ҲХДТ АЗ ҶОНИБИ ШАҲРВАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи “Шарқ”-и ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови  ноҳияи Шаҳритуз  баҳри  баланд   бардоштани  масъулияти  шаҳвандӣ  Аксияи  ҳизбӣ   таҳти   унвони «Якҷоя  ҳал  мекунем!»  баргузор  гардид.

Дар роҳандозии Аксияи ҳизбӣ аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ ба як оилаи  ниёзманди ҷомеа  кумаки  молиявӣ  расонида  шуда, иқдоми неку ватандӯстона аз ҷониби оилаи ниёзман бо хушнудӣ пазируфта шуда,миннатдории хешро аз сиёсати  хирадмандонаи  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  изҳор доштанд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ бошад, намояндагони ҳизбӣ дар бораи Паёми навбатӣ, ки санаи 26 декабри соли 2019 аз ҷониби Пешвои миллат ироа гардид, андешаронӣ карданд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат  масъулин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан гуфта,иброз доштанд, ки мақсаду мароми ҲХДТ таъмини зиндагии босаодат барои сокинон аст ва боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони  азиз мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg