БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАҲНАМОЕСТ БАРОИ  МИЛЛАТ

АНДЕША. Имрӯз 26 декабри соли равон дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як рӯзи таърихӣ сабт карда мешавад, зеро ки имрӯз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа карда шуд, ки тамоми самтҳои сиёсати дохиливу хориҷиро фарогир буд.

Паёми имсола пурра фарогири таҳкими арзишҳои миллӣ, таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва амнияти кишвар буд, ки аз ҳар як соҳибватан тақозо мекунад, ки барои ҳимояи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои нодири он- Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъриху тамаддуни ҳазорсолаи миллати тоҷик бирасем ва аз насли Ориёӣ хеш буданамон ифтихор намоем.

Яке аз нуқтаҳои муҳим дар Паёми навбатӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ин дастовард ноил гардидааст ва мардуми кишвар, хоса занону бонувон хуб дарк намудаанд, ки имрӯз мо бо 24 соат барқ таъмин ҳастем, бояд аз ёд наборорем, ки солҳое буд, ки мо тамоман барқ надоштем ва ё дар як рӯз то 8 соат барқ мегирифтем. Бунёди ду чархаи НБО «Роғун» азамату шаҳомати Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзӯн намуд ва имрӯз сайёраи  ҷаҳон ба нерӯ ва қудрати созандаи Пешвои муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарҷамъии миллати тоҷик баҳои баланд додаст, зеро ки ҳар дастоварди нодири кишвари соҳибистиқлоли мо аз сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Имрӯз мардуми кишвар хоса мардуми ноҳияи Ёвон сиёсати Президенти кишварро дар самти истиқлолияти энергетикӣ ҳаматарафа дастгирӣ намуда, кӯшиш менамоянд, ки барқро самаранок истифода намояд, зеро ки аз самаранок истифода бурдани неруи барқ ояндаи Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Дар доираи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардидани ҳазорон километр роҳ, пул ва нақбҳо нишонаи пешравии давлати Тоҷикистон мебошад. Махсусан бунёди пули ҳафтуми Панҷи поён, яъне миёни давлати Тоҷикистон ва давлати бо мо дӯсти Афғонистонро қайд намудан зарур аст, ки баъди бунёди он равобити дӯстонаи ду миллати ҳамфарҳанг ва рушди соҳибкорӣ меафзояд, зеро, ки беҳуда роҳро пайвандгари наслҳо нагуфтаанд.

Дар ин партав итминон дорам, ки мардуми ноҳияи Ёвон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ободонию созандагиро аз хонадон, кӯчаву маҳаллаҳо оғоз намуда, ин ҷашни муқаддасро бо дастовардҳои созанда ҷашн мегиранд. Мо бояд ҳар як соҳибватан дар рушду нумуи Ватан саҳмгузор бошем ва ба ҷаҳониён собит созем, ки мо дар ҳақиқат мардуми ватандӯст ва куҳансолор ҳастем.

Иқдоми наҷиби дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ин аз фонди Президенти кишвар ба нашр расонидани китоби «Тоҷикон» -и алома Бобоҷон Fаффуров мебошад, ки ба ҳар хонадони тоҷик тақдим карда шуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда мешавад ва бо ин васила ҳар як соҳибватан ва тоҷикистонӣ баъди мутолиаи пурраи ин китоб аз таъриху тамаддуни гузаштаи хеш бори дигар огаҳӣ пайдо менамояд. Боварӣ дорам, ки ин туҳфаи наҷибро кули мардуми ноҳия хосса наврасону ҷавонон,  уламои дин ва занону бонувонӣ хуш қабул менамояд, зеро ки мо бояд аз Ориёӣ будани худ ифтихор намоем.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дастгирии ЮНЕСКО соли 2020 ҷашн гирифтани 5500 солагии Саразми бостонӣ, 700 солагии Камоли Хуҷандӣ нишона аз таърихи ҳазорсола доштани миллати тоҷик буда, аз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз тақозо мегардад, ки нисбати таърихи ҳазорсолаи худ эҳтиром дода бошад.

Бунёд намудани муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои саломатӣ, боғчаҳои томактабӣ, таъмини ҷойҳои корӣ, ба шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, махсусан мутахассисони варзида аз ҷониби соҳибкрону шахсони созанда нишона аз ояндаи дурахшони Ватан мебошад. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур қайд гардидани саҳми корхонаи азими саноати ноҳия ҶДММ «Джунгтсай Моҳир семент», роҳбараш Ҷурахонов Баҳриддин  дар таъмини ҷойҳои корӣ ва фаро гирифтани зиёда аз 1000 нафар шаҳрвандони ноҳияҳои Ёвон ва  Ҷ. Рӯмӣ бо шуғл шоистаи таҳси наст.

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рӯ овардани сокинони кишвар ба китохонӣ ва бо ин васила ғани гардонидани мафкураи маънавӣ ва бурро гардидани нутқ шоистаи таҳсин буд, зеро ки солҳои охир насли наврас тамоман аз китобхонӣ дур монда, бо василаи нодуруст истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳар гуна гурӯҳҳо шомил гардиданд, ки ин нишона аз огоҳи надоштани насли наврас аз таърих, тамаддун ва аз ҳама муҳим мазҳаби ҳанафия мебошад, бо бобову бобокалонҳои мо то ба имрӯз ба ин мазҳаб пайравӣ менамуданд.

Соли 2020 дар кишвар маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор мегардад, ки аз ҳар ки мо зиракии сиёсиро тақозо мекунад ва мо мардуми соҳибватан бояд вакилони арзанда ва соҳибкасбу соҳибэҳтиромро аз сатҳи Парлумони касбӣ то вакилони ҷамоат пешбарӣ намоем.

Амният, сулҳу ваҳдат, озодӣ ин вожаҳои муқаддас барои миллати тоҷик аст ва пос доштани он, ба қадраш расидан агар қарзи ҳар як соҳибватан бошад ҳам мо зиёни ҷомеа даҳчанд вазифадорем. Бояд саъю талош варзем, ки фарҳанги бегона решакан гардида, тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаи миллати тоҷик побарҷо гардад.

Дар хотима зикр намудан ба маврид аст, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа карда шуд, ки тамоми самтҳои дохиливу хориҷиро фарогир буд, роҳнамоест ба кули мардуми кишвар ва мо мувазафем, ки дар иҷрои саривақтии Паём саъю талош варзем. Дар ин ҷода ба кули мардуми Тоҷикистон ва ноҳияи Ёвон барору муваффақиятҳоро таманно дорам.

Саёҳат Абдуллоева- муовини раиси КИ ҲХДТ ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg