БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГӢ БА МАЪРАКАҲОИ МУҲИМ ОҒОЗ ГАРДИД!

АНДЕША. Чи тавре, ки маълум аст 4 – декабри соли 2019 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид, ки тибқи ин Фаромон санаи 1 марти соли 2020 Интихоботи вакилони палатаи поёнии Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳлалии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо гузаронида мешавад. Ҳамчунин, санаи 27 марти соли 2020 интихоботи аъзои нави палатаи болоиии парлумон  низ таъин карда шуд.

Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия аз ҳоло барои дар сатҳи баланди сиёсӣ, шафоф ва демократӣ гузаронидани интихоботи дар пешистода омодагӣ мегиранд. Ҳизбиёни ташкилотҳои ибтидоӣ ба хубӣ дарк менамоянд, ки масъалаи интихобот ва ташкили раванди он дар асоси қонун дар кишварамон яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар масъулин дар вохӯрию суҳбатҳое, ки имрӯзҳо доир менамоянд, оиди интихоби дурусти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, иштирок дар интихобот ва додани овоз ба таври муфассал маълумот медиҳанд.

Тамоми кӯшиши масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва дигар шахсони ба гузаронидани интихобот масъул ба он равона аст, ки  ин маъракаи муҳими сиёсӣ, ки ба рафти он на танҳо дар ҷуҳурӣ, балки   берун аз он назора менамоянд, шафоф, озод ва демократӣ сурат гирад.

  Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg