БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ БУЗУРГИ СОЗАНДА МЕБОШАНД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба сокинон намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни баромад масъулин қайд карданд, ки боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибиқстиқлолӣ мо ҷавонон ба сифати як нерӯи ниҳоят пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини шаҳрвандӣ эътироф гардидаем. Мо ҷавонон бояд аз файзи Истиқлолият бештар баҳра гирифта, ба қадри соҳибистиқлолӣ расем ва онро чун неъмати бебаҳо ҳифзу ҳимоя намоем. Зеро Истиқлолият бародарию баробарии ҷомеа, хонаи обод, сари баланд ва рӯзгори осудаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg