
КӮЛОБ. Бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Офтобак” як синфхонаи муассисаи таҳсилоти томактабии №11-и шаҳри Кӯлоб дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмир карда шуд.
Боиси зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Кӯлоб дар доираи Аксияи ҳизбӣ корҳои неку созандаро дар деҳаю маҳал ва ташкилоту муассисаҳо ба сомон расонида истодаанд.