
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои «Шаҳринав-2» ва «Ҳаёти нав» вохӯрӣ доир намуда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Масъулин дар суҳбат оид ба мавзӯҳои гуногуни ҷомеаи имрӯза, аз ҷумла пешгирии шаҳрвандон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз хурофоту бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ андешаронӣ намуда, ҷамъомадагонро барои дар сатҳи баланди сиёсӣ ва бо дастовардҳои созанда истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раҳнамоӣ карданд.