
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Кумо» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ хониши сиёсӣ ва Аксияи ҳизбии «Якҷоя ӽал мекунем!» баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ роӽбарияти Кумитаи иҷроия суханронӣ намуда, қайд кард, ки яке аз омилӽои нангин ва хатарноки ҷомеа коррупсия ба ӽисоб рафта, дар қатори терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Иистиқлолияти давлатӣ таӽдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ӽам ҷанбаи манфии маънавӣ, ӽам ӽуқуқию сиёсӣ ва ӽам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайӽи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки ҷомеа ва ниӽодӽои ҷомеаи шаӽрвандӣ низ дониста мешавад.
Дар қисмати амалии Аксияи ӽизбӣ бо дастгирии роӽбари ташкилоти ибтидоии номбурда ба ду оилаи ниёзманд бахшида ба Соли нави мелодӣ кумаки молиявӣ расонида шуд.