БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАБОН ТАЪРИХИ ЗИНДАГИИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Забон воситаи муоширати байни одамон буда, он илме мебошад, ки бо тамоми фанҳо алоқаманди дорад ва мақоми ҳар кадомеро дар сатҳи болову воло расонида метавонад. Агар фан бо забони соддаву равон, нобу дилкаш бошад, онгоҳ хонанда онро бо як таваҷҷуҳи  хосса мутолиа карда, аз он бараҳманд мегардад. Агар забони китоб мураккабу нофаҳмо бошад, он диққати хонандаро ба худ ҷалб карда наметавонад. Аз рӯйи чунин андешаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки барои ҳама ашхос: иқтисоддон, кимиёдон, файласуф,  равоншинос ва муҳосиб донистани забон  барои онҳо воҷиб аст.

Имрӯзҳо сабаби кам рӯ овардани ҷавонон ба рӯзномаву маҷалла ва дигар адабиётҳо шояд ҳамин костагии забон бошад. Аз ин хотир, қайд кардан бомаврид аст, ки бевосита ба таълиму тадрис, такмили ихтисос ва дар ин замина тақвият бахшидан ба мутолиаву муҳокимаи асарҳои соҳавӣ-умумӣ, ки дониши андӯхтаро воло менамояд, қадами устувор гузоштан лозим аст.

Тавре, ки Асосгузори  сулҳу ваҳдат миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни   суханрониашон бахшида ба Рӯзи забон қайд намуданд: “Мо бояд аз он ифтихор дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадима ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро ба шири модар, ба қалби фарзандонамон  ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад”.

Дар ҳақиқат, забон таърихи зиндагии миллат буда, пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯз ва фардои мо мебошад. Махсусан, мо насли ҷавони мамлакатро зарур аст, ки дар баробари ҳаматарафа аз худ кардани забони модарии хеш инчунин, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосирро низ аз худ карда, усулҳои хоҷагидории иқтисодиёти бозорро мукаммал омӯхта, дар пешрафти мамлакат саҳмгузорӣ намоем.

Аз ин рӯ, мо ҷавононро зарур аст, ки нисбат ба забони давлатӣ бори дигар ғамхориҳо зоҳир намоем ва тавассути шири модар ба тамоми рагу устухони худ онро ҷой намуда, чун модари азизу мушфиқ эътиром намоем, ҳамеша барои дурусту баҷо истифода бурданаш қадами қатъӣ гузорем ва ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки он хору залил гардад.

Бок не гар доварӣ гум кардааст,

Ё умеди сарварӣ гум кардааст.

Заҳр бодо шири  модар бар касе,

К –ӯ забони модарӣ  гум кардааст.

 

Мазарифова Меҳрангез,

узви ҲХДТ, омӯзгори

МТМУ №43-и шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg