БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ БА СӮИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ

АНДЕША. Вақте ки кас ду давраи на чандон тӯлонии ҳаёти кишвар – солҳои навадуми асри 20 ва  аввали асри 21 - ро бо ҳам муқоиса мекунад, мебинад ва ифтихор мекунад, ки Тоҷикистон дар ин давраи кӯтоҳ аз як давлате, ки аз нарасидани маводи озуқа, қувваи барқ, роҳ ва садҳо дигар камбудию норасоиҳо танқисӣ мекашид, ба як давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст. Ҳаминро ишора кардан кофист, ки симои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Ховалинг дар ин давра ба кӯллӣ дигаргун гардид. Танҳо дар соли 2019 бо супориши Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи зиёди корҳо, аз ҷумла бунёди чандин муассисаи таълимӣ, беморхона, марказ ва бунгоҳҳои саломатӣ, иншоотҳои хизматрасонӣ, хонаҳои истиқоматӣ, роҳу купрук, гулгашту хиёбонҳо бунёд ва ба истифода дода шуданд. Чунин суръати корҳои созандагию бунёдкориро дар ноҳия  касе дар ёд надорад.

Бояд ёдовар шуд, ки чунин корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бо маром давом дорад. Баъди овардани ин мисолҳо ва муқоисаи ду давраи ҳаёти кишвар мо роли шахс ва оммаи халқро дар таърихи давлатдориамон дар амал мебинем.

Агар сиёсати хирадмандонаи давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, Тоҷикистон дар ин муддат ба ин дастовардҳои беназир дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ: аз ҷумла, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ноил намегардид.

Оё барқарор намудани сулҳ, баргардонидани гурезагон аз хориҷи кишвар, ба ҷойи истиқомат таъмин намудани онҳо кори саҳлу осон буд? Албатта, не! Бисёриҳо ба барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар боварӣ надоштанд. Баъзе давлатҳо ва дар дохили кишвар қувваҳои бадхоҳ ҳам дар фикри пора – пора кардани ҳудудҳои мамлакат буданд. Ба сари қудрат омадани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарорае буд, ки дили мардумро ба ояндаи дурахшони мамлакат гарм ва шӯълавар гардонид. Боварии халқ  ба сиёсати сулҷӯёна, инсондӯстона ва ватандӯстонаи Президенти кишвар асоси муваффақиятҳои фаъолияти пурсамари ӯ дар расидан ба мақсадҳои созандагӣ  гардид. Имрӯз сулҳи тоҷикон, ки ба он Пешвои миллат асос гузошт, чун таҷрибаи сулҳофарӣ дар дунё истифода мешавад.

Ба амалӣ гардидани бисёр таклифу пешниҳодҳои Сарвари давлат дар шароите, ки дар хазина маблағ набуд, ба нобоварӣ менигаристанд. Ҳатто ба татбиқи онҳо шубҳа ҳам доштанд. Ва мо имрӯз мебинем, ки ҳама андешаҳо, пешниҳодоти Пешвои миллат ба фоидаи кор, ба фоидаи давлат ва ба фоидаи миллат будааст.

Имрӯз тавассути сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро дар тамоми дунё ҳамчун давлати куҳанбунёд, соҳиби таъриху фарҳанги ғанӣ, сулҳҷӯю сулҳпарвар, ташаббускор ва миллати тоҷикро ҳамчун миллати боҳунару бофарҳанг, инсондӯсту инсонпарвар, меҳмоннавоз мешиносанд ва дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи худро доранд.

Мо мебинем ва мешунавем, ки бисёр сокинони кишварҳо орзуи чун Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон Президент доштанро мекунанд. Зеро Президенти мо тамоми ҳастии худро барои Ватани азизаш – Тоҷикистон ва миллати азияткашидаи он дареғ намедорад.

Мо дар Паёми гузаштаи Президенти кишвар шоҳиди ду пешниҳоди ҳаётан муҳим: Эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва  саноатикунонии босуръати кишвар гардидем. Бо итминони комил гуфта метавонем, ки Паёми нав, ки рӯзи 26 декабри соли 2019 ироа мегардад, барои пешрафт ва гулгулшукуфии Тоҷикистон, боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зисту зиндагии мардум  мусоидат менамояд.

Имрӯз сад шукр, ки дар кишварамон сулҳу субот пойдор аст. Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо яке аз давлатҳои амнтарин дониста шудааст ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Мо ба куҷо, ба кадом гӯшаи кишварамон сафар накунем, худро дар хонаи худ ҳис мекунем.

  Мо бо амалҳои бо нафъи миллати тоҷик ва сокинони сайёра анҷомдодаи Президенти худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоем ва дар сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ муваффақиятҳои аз ин ҳам бештару бештарашро хоҳонем.

Орзуи онро мекунем, ки сулҳу субот дар кишвар абадан пойдор бимонад ва Тоҷикистони азизизи мо бо роҳи созандагию бунёдкорӣ пеш равад ва  ба қулаҳои муроди худ бирасад.

Тоҷикистон, ба пеш ба сӯи созандагию бунёдкорӣ!!!

 

Халилзода Сафар Хоҷа,

раиси Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg