
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Об-деӽот”-и ҷамоати шаӽраки Ӽулбуки ноӽияи Восеъ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ масулин қайд доштанд, ки солҳои 2019-2021 эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафҳаи аъмолномаи халқамон, бахусус ҳизбамон ба қиёси як саҳифаи зиндагӣ, дар сархати таърих бо навиштаҷоти зарҳалин сабту ҷовидон хоҳад монд. Муҳтавои ин эъломия ҳар фарди кишвар, махсусан узви ҳизбро муваззаф месозад, ки Ватани биҳиштманзараи ҷойҳои таърихӣ худро ба сайёҳони ҷаҳон муаррифӣ намоем.
Дар навбати худ иштирокчиён низ баромад намуда, гуфтанд, ки ташаббусҳои Пешвои миллатро ҷонибдорӣ карда, барои рушди босуботи соҳаи сайёҳӣ талошҳои хешро равона месозанд.