БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚӢ, ҲИЗБӢ ПИРӮЗУ ПЕШОҲАНГ!

АНДЕША. Пушида нест, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо пешниҳод ва сарпарастии Пешвои муаззами миллат дар рӯзҳои хеле сангин, ки дар кишвар ҷахолату хушунат пирӯз буд, ба саҳнаи сиёсат омад.

Ҳизбӣ мо беҳтарини арзишҳои башарӣ ва миллиро фаро гирифтааст. Ҳизбе, ки меваи Истиқлолият, даврони худшиносии миллати кӯҳнаи тоҷик мебошад. Мо аз он фахр мекунем, ки аъзои ҳизб мебошем ва вазифаҳои ҷонии худ медонем, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва миллии ҷумҳурӣ, ки ҷавҳари барномаи ҳизбиро ташкил мекунад, бо тамоми қувва, донишу таҷрибаи худ саҳм мегузорем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини корӣ дар муддати 25 – соли фаъолияти босамар чор марҳилаи таърихии ибратомӯзро паси сар намудааст. Ба гуфтаи худи Пешвои миллат 25 – соли талошу муборизаҳо дар тамоми давлатдории навини миллӣ, ҳизби мо собит сохт, ки дар хизмати мардум мебошад.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, Ватан ва мардуми азияткаши моро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳанд, Ватан обод, истиқлолиятамон пойдор, ваҳдатамон комил, давлатамон мустаҳакам, фарзандон дар фазои сулҳ, озодӣ, оромӣ, имкониятҳои васеъ барои зиндагии шоиста ба воя мерасанд. Ин ҳама ба осонӣ ба даст наомад.

Хулоса, ҳизбӣ мо ҳизбӣ мардумӣ аст, зеро мудом бо мардум аст. Пас, моро месазад, ки сазовори номи баланди узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошем, то номи неки онро дар арсаи сиёсии кишвар болотар бибарем ва дар охир мехостам тамоми аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ро ба 25 – солагии таъсиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик гуям. Бароятон рӯзгори орому осуда таманно карда, умеди он мекунам, ки осмони Тоҷикистон ҳамеша софу беғубор бошад.

 

Воҳидова Дилафрӯз, корманди Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg