БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – ТАШАББУСКОРИ КАЛИДӢ ДАР МАВЗӮИ ОБ

Ҳамагон бояд донанд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ, ангиштсанг ва дигар сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба об хеле муҳим ва саривақтианд.

Пешниҳоди нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамовозии зиёд пайдо намуд, ки ин иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушду устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меорад. Ин ҳадаф, дар баробари зарурати таъмин намудани дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошти масълаҳои сифати об, истифодаи самаранокии он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи экосистемаи об, инчунин, тавсияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад.

Мавҷудияти об пеш аз офариниши Коиноту Замин собит шуда, дар фазо набзи ҳастӣ, ҳаётбахш ва нерубахшанда барои кулли мавҷудоти зиндаи олам аст. Илми муосир низ обро ҷузъи универсалии Кайҳон, муайянкунандаи таркиб ва хосияти ашёи бешумори табиати зинда ва ғайризинда собит намудааст. Об дар фазо дар ҳаракати ҳамешагӣ қарор дошта, дар ибтидои офариниш, ҳастии феълӣ ва то мавҷуд будани олам, ба мисли вақт дар беохирӣ ва абадият ҳузур хоҳад дошт.

Новобаста аз имконоти мавҷуд буда, тағйирёбии иқлим ва ба ҳисоби миёна ҳамасола то ба як дараҷа гарм шудани ҳаво, дар даҳсолаҳои охир ба обшавии беш аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон расонидааст. Бар асари гармшавии иқлим боришоти аз меъёр зиёди борону барф, обхезӣ, фаромадани селу тарма, ярч ва дигар ҳаводис афзуда, ба ҳаёти қариб тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ бетаъсир намемонад. Вобаста ба ин далелҳо, зарур аст, ки имрӯз тамоюли рушди ҷомеа бо назардошти захира ва сарфаи оқилонаи об ба эътибор гирифта шуда, пешгирӣ ва ҳалли мушкилот дар ин самт бо истифодабарӣ аз дастовардҳои илму технологияи муосир роҳандозӣ гардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кӯлу чашмаҳо аз кӯҳсори сербарфу пиряхҳои бузург ибтидо гирифта, обашон поку ширин ва табобатӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки зиёда аз 60 фисади оби ҳамсоякишварҳо аз ҷумҳурии мо манша гирифта, манбаи рушди иқтисодӣ-иҷтимоии онҳо мебошанд. Дар Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешавад, ки онҳо на ин ки Тоҷикистонро, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро низ шодоб мегардонанд. Ду дарёи калоне, ки аз кӯҳҳои осмонбуси мо сарчашма мегиранд, баҳри Аралро, ки имрӯзҳо хушк шуда истодаасту дар минтақаи Осиёи миёна ҳисороти зиёд оварданаш мумкин аст, аз об пур мекунад. Бояд қайд намуд, ки захираҳои обии Осиёи марказӣ на танҳо захираҳои табиӣ, балки захираҳои табиии тақсимшаванда мебошанд, ки мебояд бо назардошти манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа истифода гардад. Бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва тақсими самараноки он байни кишварҳои минтақа якчанд мулоқоту вохӯриҳо баргузор гардиданд, ки бо ақди созишномаҳои байнидавлатӣ ба анҷом расиданд. Гуфтан ба маврид аст, ки аз меъёри оби барои Тоҷикистон муқараргардида ҳамасола кишвари мо 2,5 км-и мукааб обро нагирифта, онро ба ҳайси эҳдо ба ҳамсоягон мегузорем.

 

Ҳарчанд, ки се ҳиссаи олам ҳама об аст,

Сад мулки дигар ташналабу синакабоб аст.

То кам нашавад об кунем, об дили хеш,

Аз додани нон обдиҳӣ кори савоб аст.

 

Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Кори ягон соҳаи саноат низ бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, оҳар додани матоъ, коркарди пӯст, тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нӯшокиҳои гуногун ва ғайраҳо истифода мебаранд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи сарватҳои табиӣ моддаи алоҳида бахшида шудааст. Мутобиқи моддаи 13-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қайд шудааст, ки «замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».

Яке аз чунин бойгариҳои табиӣ, ки захираи зиёди он дар сайёра ва кишвари мо мавҷуд аст, об мебошад, ки он ба манфиати халқ истифода бурда мешавад.

Дар ҷаҳони муосир талабот ба захираҳои табиӣ рӯз то рӯз меафзояд. Солҳост, ки сарварони кишварҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба мавзӯи об таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд, зеро масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист маҳз ба ҳамин манбаи ҳаёт иртибот доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои хеш ҳамчун иштирокчии фаъоли ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об боқӣ мемонад. Иқдоми навбатии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз ҷониби СММ дар кулли сайёра инро бори дигар исбот намуд. Дар Қатъномаи эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” махсусан қайд шудааст, ки “манбаъҳои обӣ барои рушди устувор ва аз байн бурдани камбизоативу гуруснагӣ дорои аҳамияти ҳалкунандаанд ва барои рушди захираҳои инсонӣ комилан заруранд ва барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор марбут ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар сатҳи байналмилалии мувофиқашуда аҳамияти аввалиндараҷа доранд”.

Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Зеро масъалаҳои экологӣ, бахусус, масоили вобаста ба об дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Бояд хотиррасон кард, ки тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, қарзи ҳар як инсони асил аст. Зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки манбаи нуру рӯшноӣ ва олами ҳастист. Бо андешаи зерини Пешвои миллат ба ин ҳама гуфтаҳо метавон хулоса кард: “Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об – ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем”.

 

Пир аст ҷаҳон, кишвари мо тозаҷавон аст,

Аз пеши раҳи хонаи мо об равон аст.

Дар саргаҳи об аст Ватан, об накобем,

Шояд, ки зи дилпокии худ соҳиби обем.

 

Пешвои миллат зимни суханронии худ дар Форуми об таъкид намуд, ки: «Таҳдидҳои ҷаҳонии муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак ҳанӯз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд».

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯз таклифу пешниҳодҳои дақиқу созанда ва асосноки Пешвои миллат тавваҷуҳи ҷаҳониёнро ба истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳамкории дастаҷамъона ҷалб намуда истодааст. Баррасии муҳимтарини масъалаҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста аз минбарҳои бонуфуз сурат мегирад, дар таъмини ҳадафҳои зиндагии шоиста ва ҳалли мушкилоти аҳолии кӯраи замин ҷонибдорӣ ёфта, оиди ҳалли масъалаи об саҳми арзанда ва шоистаро касб намуда истодааст ва аз тарафи тамоми сиёсатшиносону намояндагон ва мутахассисони созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф ва пазируфта мешавад.

Хулоса, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи оқилонаи манбаъҳои обиро ҳамчун захираҳои гидроэнергетикӣ бо бунёди нерӯгоҳҳои барқию обӣ ҳамчун манбаи истеҳсоли барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза ба манфиати кишвар ва минтақа зарур мешуморад ва минбаъд низ дар самти нигоҳдории захираҳои обӣ дар сатҳи байналмилалӣ барои рушди устувор корҳои назаррасро анҷом хоҳад дод.

 

Саодати Раҳмоналӣ узви ҲХДТ дар шащри Кӯлоб, омӯзгори ДТМИК

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg