БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДИИ ВАТАН ҲАР ЯКИ МО ВАЗИФАДОРЕМ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти ба номи «Н.Назаров»-и ноҳияи Муъминобод бо иштироки намояндагони КИ ноҳиявии ҲХДТ  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис масъулин оид ба нуктаҳои  Паём, ҳадафи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳидоят карданд.

Сипас, байни аъзои ташкилоти ибтидоӣ ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд баргузор шуд.

    

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg