БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАН МОДАР – ОФАРАНДАИ ҲАЁТ!

АНДЕША. «Нақши модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд маҳсуб меёбад».

Эмомалӣ Раҳмон

Модар, модар қадри ту дунё бошад,

Сад меҳру вафо дар дили ту ҷо бошад.

Зан –модар офарандаи ҳаёт, олиҳаи ҳусн ва тарбиятгари насл мебошад. Зан – модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сарсабзу хуррам ва шукуфон аст. Азизтарин шахс барои фарзандин модар аст. Модар гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат буда, он аз ҳамаи мавҷудоти олам зеботару волотарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзанд сафед шуда бошад. Меҳру муҳаббати модар бекарон аст, беҳисобу нотакрор аст. Бузургии зан -модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ идомадиҳандаи насли инсонӣ, нигаҳдорандаи забон, таърих, урфу одат ва фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад. Ободиву осудагии рӯзгори ҳар як хонадон ба рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавию маърифатнокӣ ва тандурустии зан модар иртиботи қавӣ дорад.

Модар моҳест тобон, ки шабҳои тираи моро рӯшан месозад. Баҳор бо гулҳои рангинаш дар домони поки модар мешукуфад. Ҳақиқати зиндагии модар меҳрпарваридан, фидокорӣ намудан ва дӯст доштан аст. Бузургии модар ба ҳаддест, ки ба хотири идомаёфтани зиндагӣ ба даст овардани хушбахтӣ дар ҷаҳон дафтари орзуҳои худро нотамом мегузорад. Модар мисли замин танҳо ва яктост. Ба ин гуфтаҳо Лоиқи бузургвор чунин мефармояд:

Ту монанди замин танҳоӣ модар,

Ту монанди замин яктоӣ модар.

Модарон ҳамрозу ҳамсадоянд, бо мардум қаринанд, некрою нексириштанд, хайрхоҳу хайрандешанд. Оғӯши меҳри ӯ бо ҳама фарзандон яксон аст. Модаронро ҳама қадр мекунанд, ҳурматашонро ба ҷо меоранд, пеши пояшон саҷда мегузоранд. Зеро, басо бузург аст модар.

Аз сарвату зи шӯҳрат, гар ба фалак занам сар,

Таъзим мекунам боз, дар пеши пойи модар.

 

Мазарифова Меҳрангез – узви ҲХДТ, омӯзгори МТМУ №43-и шаҳри Кулоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg