БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН – ҚИШРИ ОЯНДАСОЗӢ ҶОМЕА

 (Таасурот аз Анҷумани XIII ҲХДТ)

АНДЕША. Боиси зикр аст, ки санаи 13.12.2019 Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе бо иштирок ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди сиёсӣ доир гардид.

Дар баробари 1917 нафар вакилон аз гӯшаву канори кишвар ман ҳам якуминбор ҳамчун як ҷавон - Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб ба сифати вакил иштирок намудам, ки аз ин худро муваффақу хуштолеъ меҳисобам.

Зимни баромади худ Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бурду бохти фаъолияти Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистонро таҳлилу баррасӣ намуданд. Аз баромади Пешвои миллат баръало мушоҳида шуд, ки аз Анҷуман то Анҷуман Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.Дар ин давра зимни иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат қариб ҳамаи Кумитаҳои иҷроия соҳиби бинои наву замонавӣ ва мошинҳои хизматӣ гардиданд, ки ин ҳама аз нангу номус ва садоқати ҳизбиён нисбат ба ҲХДТ ва Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.Ҳамзамон, аз ҷониби Пешвои миллат қайд шуд, ки шумораи кормандони ҳизбӣ, хусусан аз ҳисоби ҷавонон зиёд гардидааст, ки аз таваҷҷуҳи Роҳбарияти Олии ҲХДТ нисбат ба қишри ояндасозӣ ҷомеа, яъне ҷавонон баръало эҳсос мегардад. Дар баробари ин Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони пуртаззоду ноороми замони муосир аъзо ва ҷонибдорони  ҳизб аз таҳаввулоти босуръати сайёра ҳамеша огоҳ бошанд, худ ва аҳли ҷомеаро аз таъсири манфии тарғиботи гурӯҳҳои ифротиву тундрав эмин нигоҳ доранд, барои ҳифзи истиқлолияту озодии сарзамини аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёри тоҷикон ҳамеша омода бошанд.

Мо ҷавонон - аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-ро дар навбати худ мебояд, ки  дастуру супоришҳои  Роҳбари давлатро сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии мамлакат содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ба хотири ободии Ватан бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватани азиз содиқона адо намоем.

Зулфов Муҳаммадҷон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg